Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА генерал Мартин Демпсӣ гуфт, ки ИМА Тоҷикистонро кишвари муттафиқ дар Осиёи Марказӣ мешуморад.

Мартин Демпсӣ рӯзи панҷшанбе бо раисҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон генерал Демпсӣ иброз дошт, ИМА ҳар ташаббусеро, ки ҳадаф аз он таҳкими назму субот дар Афғонистон аст, дастгирӣ мекунад.

Дар ҷавоб ба суоли рӯзноманигорон Демпсӣ гуфт, ки ҳангоми сӯҳбат бо раҳбари Тоҷикистон масъалаи бунёди пойгоҳи низомии ИМА дар Тоҷикистон баҳс нашудааст. Ӯ афзуд, ки ду ҷониб амнияти минтақа ва ҳамкориҳои низомиву техникиро баҳс карданд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG