Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии хабарнигори афғон аз боздошт


Мақомоти афғон муаллифи барномаи телевизиониеро, ки бо иттиҳоми танқиди мансабдорони ин кишвар дар барномааш боздошт шуда буд, раҳо карданд.

Боздошти Носир Фаёз, муҷрии гуфтори "Ҳақиқат"-и телевизиони хусусии Ориёнои Афғонистон дар байни рӯзноманигорони афғон эътирози зиёд ба бор овард.

Рӯзи душанбе мақомоти Кобул Фаёзро бо иттиҳоми "танқиди бепояи ду вазири ҳукумат" боздошт намуда буданд. Сухангӯи телевизиони Ориёно мегӯяд, ки пахши барномаи Фаёз рӯзи якшанбе бо фармони телефонии як ходими амниятӣ мутаваққиф шуд.

Рӯзи чоршанбе баъди се рӯзи боздошт бо иттиҳоми таҳқири ду вазири ҳукумат рӯзноманигори афғон Носир Фаёз аз зиндон раҳо шуд.

Ҳабси Фаёзро рӯзноманигорони афғон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон ҳамчун кӯшиши маҳдудсозии озодии баён маҳкум кардаанд.

Дар ҳар сурат ҳукумати Афғонистон иброз доштааст, ки телевизиони мустақили Ориёно ва хабарнигорони он шахсиятҳои маъруф ва аз ҷумла вазирони ҳукуматро беасос танқиду таҳқир мекунад.

Рӯзи душанбе пеш аз боздошти серӯза Фаёзро ба идораи амнияти миллӣ даъват карда буданд.

Фаёз, ки барандаи ҳафтаномаи "Ҳақиқат"-и телевизион аст, баъди баҳси қазияи боздошти ӯ дар парламенти Афғонистон озод шуд. Як идда вакилони мардумӣ ва дар байни онҳо Юнуси Қонунӣ, раиси маҷлиси поёнии парламенти Афғонистон даъват намуданд, ки Фаёз фавран раҳо гардад.

Вакили мардумӣ Кабири Ранҷбар гуфт, ки бо ҳабси рӯзноманигор хадамоти амниятӣ берун аз салоҳияташон амал кардаанд.

Дар изҳороти ҳукумати Афғонистон таъкид шудааст, ки Носир Фаёз аз Исмоилхон, вазири обу барқи Афғонистон, хоста буд, ки хонаашро 24 соат бо барқ таъмин кунанд, вале Исмоилхон ин тақозоро рад кардааст. Вале Ориёно мегӯяд, ки барномаи "Ҳақиқат" бар пояи таҳлилу мусоҳибаҳои чор соли ахир таҳия шуда буд.

Баъди фурӯпошии маъмурияти Толибон дар соли 2001-ум озодии баён дар Афғонистон ба қадри назаррас рушд кардааст. Дар ин муддат даҳҳо рӯзномаву маҷалла ва шабака ҳои радиову телевизион ташкил шудаанд.

Аммо баъзе рӯзноманигорон мегӯянд, вақтҳои ахир мансабдорони муҳофизакор ва рӯҳониён рӯзноманигоронро бо пахши матолиби "зиддисисломӣ ва зишт" муттаҳам мекунанд.

Шӯрои динии Афғонистон як идда шабакаҳои телевизиониро бо пахши сериалҳои ҳиндии "зоҳиран бадсират" мавриди танқид қарор дод.

Файз-ур-Раҳмон Ориё муҳаррири ҳафтаномаи Ирода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хабарнигорон аз тарси муҷозот худро сензура мекунанд.

Дар баробари фишори ҳукумат рӯзноманигорон афғон бо таҳдидҳои дигари ин кишвари ҷангзада, аз ҷумла хушунати ҷангсолорону қочоқчиёни маводи мухаддир мувоҷеҳ мебошанд.

Соли гузашта дар Афғонистон ду зани рӯзноманигор ба қатл расиданд.

XS
SM
MD
LG