Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар назди консулгарии Покистон дар Ҳирот


Имрӯз дар назди бинои консулгарии Покистон дар шаҳри ғарбии Ҳироти Афғонистон таркише ба амал омад, ки бар асари он муҳофизи бино ва ду шахси осоишта ҷароҳат бардоштанд. Полис мегӯяд, маводи таркандаро дар як велосипед ҷой дода, онро дар канори киоски назди консулгарӣ гузошта буданд. Бинои консулгарӣ зиён надидааст. Покистон бомбгузориро маҳкум карда, афзудааст, ки Исломобод мақомоти Афғонистонро масъули амнияти афрод ва сафорату консулгариаш дар Афғонистон медонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG