Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигори афғон озод шуд


Мақомоти афғон барандаи барномаи телевизиониро, ки бо иттиҳоми танқиди мансабдорони афғон дар барномааш боздошт шуда буд, раҳо карданд.
Боздошти Носир Фаёз: муҷрии яке аз гуфторҳои телевизиони хусусии Ориёнои Афғонистон дар байни рӯзноманигорони афғон эътирози зиёд ба бор овард.
Рӯзи душанбе мақомоти Кобул Фаёзро бо иттиҳоми танқиди бепояи ду вазири ҳукумат боздошт намуда буданд.
Сухангӯи телевизиони Ориёно мегӯяд, ки пахши барномаи Фаёз рӯзи якшанбе бо фармони телефонии як ходими амниятӣ мутаваққиф шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG