Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон:"ИМА ба ҷосусони мо бовар надорад"


Вазорати мудофиаи Покистон тасдиқ кард, ки ИМА афсарони идораи марказии ҷосусии ин кишварро бо тақдими маълумот ба ҷангҷӯёни марбут бо ал-Қоида дар минтақаи қабилаҳо муттаҳам намудааст.
Аҳмад Мухтор ошкоро эътироф кард, ки амрикоиҳо ба Идораи кашфи покистонӣ (ISI) эътимод надоранд. Ӯ гуфт, амрикоиҳо бар ин назаранд, ки вақте ҳукумати Покистон дар бораи ҳадафҳо дар минтақаи қабилаҳо иттилоъ дастрас мекунад, баъзе афсарони хадамоти кашф ин маълумотро ба ҷангҷӯён мерасонанд.
Мухтор, ки рӯзи душанбе сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелониро аснои зиёраташ аз Қасри Сафед ҳамроҳӣ кардааст, афзуд, ки президенти ИМА Ҷорҷ Буш аз Гелонӣ дар ин бора пурсон шуд.
Рӯзи чоршанбе рӯзномаи Ню Йорк Таймз гузориш дод, ки моҳи равон мақоми баландпояи Идораи марказии кашфи ИМА (CIA) ба мақомоти Исломобод шаҳодати таҳкими равобити афсарони Идораи марказии кашфи Покистон бо ҷангҷӯёнро тақдим намуд.

XS
SM
MD
LG