Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА-ро бо дахолат дар умури Чин муттаҳам мекунанд


Дар арафаи бозиҳои олимпии Пекин Чин ИМА-ро бо дахолат дар умури дохилии ин кишвар муттаҳам кард. Вазорати корҳои хориҷии Чин президенти ИМА Ҷорҷ Бушро ба хотири мулоқоташ бо фаъолони ҷумбишҳои демократии чинӣ, ки ҳафтаи равон дар Қасри Сафед барпо шуда буд, маҳкум кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Чин ин иқдоми ИМА-ро амали "хом" унвон дода, афзудааст, ки он ба нерӯҳои мухолифи Чин паёми нодуруст мефиристад.
Чанде пеш Қасри Сафед иброз дошт, ки президент Буш мақсад дорад 8-уми август бо "паёми озодӣ" ба Пекин сафар намуда, дар кушоиши бозиҳои олимпӣ ширкат варзад.
XS
SM
MD
LG