Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари собиқ сарвазири Тайланд маҳкум шуд


Додгоҳи Тайланд ҳамсари собиқ сарвазири ин кишвар Таксин Шинаватраро бо ҷурми саркашӣ аз супурдани андоз ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале баъди эълони ҳукм хонум Поҷаман Шинаватра гарав супурда, то замони арзёбии дархости бознигарии қазия аз зиндон раҳо шуд.
Поҷаман, бародар ва котибаш бо тарҳрезии тавтеаи мусовӣ ба 16,3 миллион доллар ҳангоми интиқоли саҳмияҳо муҷрим дониста мешаванд. Ин аввалин ҳукми силсилаи парвандаҳои ҷиноӣ бар зидди Таксин Шинаватра ва аъзои оилаи ӯ мебошад. Шинаватра соли 2006-ум аз мансаби сарвазири Тайланд барканор шудааст.
XS
SM
MD
LG