Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷангҷӯёни покистонии пуштибон аз Толибон


Тибқи ахбори расида шаби гузашта дар вилояти марзии Шимолу ғарби Покистон бархӯрди вазнин миёни ҷангҷӯёни пуштибон аз Толибон бо нерӯҳои ҳукуматӣ ба вуқӯъ пайваст.
Задухӯрд дар водии Свот рӯзи чоршанбе баъди ҳамлаи ҷангҷӯён ба посгоҳи амниятӣ шурӯъ шудааст.
Полиси Покистон мегӯяд, як гурӯла ба хона истиқоматӣ суқут намуда, ҳаёти 7 фарди осоиштаро аз байн бурд. Гуфта мешавад, ки дар бархӯрд 5 сарбози ҳукуматӣ ва 25 ҷангҷӯй кушта шуданд. Ин ҳодиса оташбаси думоҳа миёни ҳукумат ва исломгароҳоро бо таҳдид мувоҷеҳ кардааст.
Шаби гузашта ҳам дар дараи Свот табодули оташ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯён ба қайд гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG