Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 20 толиби ошӯбгар дар Афғонистон


Дар ҷанубу ғарби шаҳри Кобул нерӯҳои афғон ва сарбозони байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО бо кумаки ҳавопаймоҳо беш аз 20 толиби ошӯбгарро ба қатл расондаанд. Абдураҳим Десивол волии минтақаи Андари вилояти Ғазнӣ мегӯяд, бархӯрд баъди мунфаҷир шудани василаи нақлиётии нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон оғоз ёфт, ки дар он чор сарбоз ҷароҳат бардоштанд.
Сухангӯи нерӯҳои байналмилалӣ ҷой доштани бархӯрдро тасдиқ кард, вале дар бораи талафот чизе нагуфт.
Дар ҳамин ҳол мансабдорони афғон изҳор намудаанд, ки рӯзи чоршанбе дар вилояти Урузгон сарбозони афғон ҳамроҳ бо нерӯҳои байналмилалӣ 18 толиби ошӯбгарро ба ҳалокат расонданд.

XS
SM
MD
LG