Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон зарбулаҷалро рад мекунад


Имрӯз Эрон зарбулаҷали тақдими посух ба пешниҳоди кишварҳои нерӯманди оламро, ки саъй доранд бӯҳрони ҳаставиро бартараф намоянд, рад кард.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ мегӯяд, Теҳрон ба ин пешниҳод, ки аз тарафи Ҳавиер Солана-намояндаи воломақоми Иттиҳодияи Аврупо матраҳ шуда буд, ҷавоб додааст.
Кишварҳои нерӯманди олам мехоҳанд аз ҳисоби тақдими баъзе имтиёзҳо Теҳронро ба қатъи ғанигардонии уран водор кунанд.
Дар ҳар сурат ИМА гуфтааст, ки Теҳрон бояд то охири ҳафтаи равон ба пешниҳод посух диҳад. Вашингтон ҳушдор медиҳад, ки саркашии Ҷумҳурии исломӣ паёмад хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG