Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи байнидавлатии эҳсоияи Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ, нишондиҳандаҳои музди миёнаи аҳолиро дар кишварҳои узв ба нашр расондааст.

Ин арқому адад нишон медиҳад, ки одамон дар Русия, Қазоқистон ё Тоҷикистону Арманистон ва ғайра чӣ қадар моҳона мегиранд. Тибқи маъмул нишондиҳандаҳои ин кумита аксаран зери шубҳа гирифта мешаванд, аммо дар изҳороти кумитаи мазкур гуфта мешавад, натиҷагириҳо бар пояи гузориши кумитаҳои омори кишварҳои узв ба миён омадаанд. Ҷанбаъи дигар ин аст, ки дар мавриди музди кор танҳо моҳонаи мавҷуда ба ҳисоб гирифта шуда, даромади аҳолӣ аз манобеъи дигар аз назарҳо дур мондааст.

Дуруст аст, ки мардум даромади иловагӣ ҳам дорад, вале нақши он ночиз аст...

Ба гузориши Кумитаи байнидавлатии эҳсоияи кишварҳои ҳамсуд, моҳонаи аз ҳама зиёд дар Русия аст, ки ба 718 доллари амрикоӣ баробар мебошад. Қазоқистон бо музди миёнаи ҳармоҳаи 485 доллар дар ҷои дувум қарор дорад. Ин ду кишвар кайҳост аз тарафи марказҳои раддабандии ҷаҳонӣ мамолики дорои иқтисоди бозаргонӣ ба шумор мераванд.

Аммо аксари коршиносон рушди иқтисодии Русия ва Қазоқистонро ба захираҳои энержии онҳо ва афзоиши нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ бастагӣ медиҳанд. Беларус ҳарчанд соҳиби чунин захираҳо нест, ҳамчун гузаргоҳи гази Русия ба Аврупо ва ҳофизи низоми шӯравии иқтисодӣ аз лиҳози музди кор дар ҷойи савум қарор дорад. Тибқи гузориши Кумитаи байнидавлатии эҳсоия музди кори миёна дар Беларус дар панҷ моҳи соли гузашта наздик ба 400 ва дар Укроин хеле бештар аз 300 долларро ташкил додааст. Ҷадвали куллӣ чунин аст:

  1. Русия -- 718 доллар
  2. Қазоқистон -- 485 доллар
  3. Беларус -- 396 доллар
  4. Укроин -- 356 доллар
  5. Озарбойҷон -- 317доллар
  6. Арманистон -- 293 доллар
  7. Узбакистон -- 200 доллар
  8. Қирғизистон -- 137 доллар
  9. Тоҷикистон -- 63 доллар

Суръати афзоиши музди кор низ дар ҳар кишвар ҳар хел аст. Бештарини он дар Русия, баробар ба 14 дарсад, камтаринаш дар Озарбойҷон, ҳамагӣ 4 дарсад сабт шудааст. Туркманистон ва Узбакистон дар бораи вазъи дастмузд дар кишварҳои худ ба кумитаи байнидавлатӣ гузориш надодаанд.

Туркманистон бо ирсоли бархе аз нишондиҳандаҳои иқтисодӣ иктифо кардааст, вале Узбакистон дар ҳеҷ бобат арқомеро дар ихтиёри кумита нагузоштааст. Манобеъи дигар мегӯянд, ҳарчанд президенти Узбакистон Ислом Каримов дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати худ музди миёнаи ҳармоҳа дар кишварашро 210 доллар номид, аксари коршиносон бар инанд, ки адади мазкур дар Узбакистон аз 200 доллар бештар нест.

Шохисҳои дигари куллӣ, ба монанди тавлиди нохолиси миллӣ ё тиҷорати беруна аз афзоиши тафовут дар вазъи иқтисодии кишварҳои ҳамсуд хабар диҳад, як нигшондиҳандаи дигар метавонад, ба манзараи умумии афзоиши дастмузд тағйироти муҳиме ворид намояд. Ин шохиси вазъи нархунаво ва харҷи аҳолӣ барои хӯрокворист.

Дар ҳоле ки пасттарин музди миёна дар Тоҷикистон аст, 63 доллар, шохиси афзоиши нархҳо дар ин кишвар баландтарин дар Ҷомеаи муштаракулманофеъст, 127%у ним дарсад. Укроин, Қирғизистон ва Озарбойҷон дар сатрҳои баъдӣ қарор доранд ва шохиси нарх дар Озарбойҷон масалан, 119.2 дарсад аст. Ва дар ҳоле ки харҷи аҳолӣ барои хӯрокворӣ дар Тоҷикистон тақрибан бо шохиси афзоиши нарх баробар аст, дар Озарбойҷон баландтарин намунаро ташкил дода, қариб 140 дарсад мебошад. Сипас Укроин ва Арманистонро номгӯйро идома додаанд.

Вале оё то куҷо арқому ададе, ки Кумитаи байнидавлатии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд воқеъист. Бо ин суол ба раҳбари яке аз созмонҳои ғайридавлатии зидди фақри Тоҷикистон, Мӯътабари Раштӣ муроҷиат кардем. Вай, ки ҳоло аз деҳоти дурдасти водии Рашт дидан мекунад, гуфт, дар ҳақиқат афзоиши нарх тавони харидории мардуми одиро ҷиддан шикаст додааст.

Шикоят аз афзоиши бесобиқаи нарх, махсусан нархи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир зиёда садо медиҳад ва ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, аз аввали август ва ҳамчунин аз аввали сентябр ҳадди ақали музди корро дар аксари риштаҳои буҷавӣ зиёд кунад.

Аз сӯи дигар, арқоме ки кумитаи байнидавлатии кишварҳои ҳамсуд нашр кардааст, бештар иттилоъи рӯи коғаз аст ва дар бештари кишварҳои номбаршуда, аҳолӣ ба ғайр аз дастмузди расмӣ даромадҳои дигар низ дорад, ки ба чунин гузоришҳо роҳ намеёбанд. Магар дар Тоҷикистон низ ингуна нест, мепурсам аз Мӯътабари Раштӣ, раҳбари як созмони зидди фақр дар Тоҷикистон: "Дуруст аст, ки мардум даромади иловагӣ ҳам дорад, аммо дар ҳоли ҷамъ овардани ҳарду низ ин маблағ аз бӯҳрони иҷтимоӣ пешгирӣ карда наметавонад."

Хонуми Мӯътабар меафзояд, бояд дар назар дошт, ки арқоми мазкурро Кумитаи омори Тоҷикистон пешниҳод кардааст ва агар ҳатто шохиси иштибоҳ дар онҳо ҷамъ ё тарҳи 5 холро ташкил диҳад ҳам, нишон медиҳанд, ки вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нигаронкунанда ва осебпазир боқӣ мемонад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG