Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич ба додгоҳ ҳозир мешавад


Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятҳои Ҷангӣ эълом кард, ки Радован Караҷич - раҳбари пешини сербҳои боснӣ, имрӯз барои шунидани иттиҳомоти худ ба назди додрас ҳозир мешавад. Ин додгоҳ Радован Караҷичро ба ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ дар ҷангҳои соли 1992 то 95 дар Босния муттаҳам мекунад. Додгоҳ гуфт, Радован Караҷич ҳақ дорад, дар муддати 30 рӯз ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кунад. Радован Караҷич асри имрӯз дар додгоҳ ҳозир хоҳад шуд. Радован Караҷичро пас аз 13 соли гурез дар ниҳоят ҳафтаи гузашта дар шаҳри Белград боздошт карда ва рӯзи чаҳоршанбе Ҳолланд истирдод карданд ва ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи Созмони Милал нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG