Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авфи Байналмилал Эронро танқид кард


Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, ҳукумати Эрон барои мубориза бо табъизи густурдаи аққалияти курд дар ин кишвар талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ, ки дар шаҳри Ландан қароргоҳ дорад, гуфт, табъизи мардуми курд тайи моҳҳои ахир дар Эрон шиддат гирифтааст ва додгоҳҳо намояндагони ин миллатро бо муҳокимаҳои ноодилона ба марг маҳкум кардаанд. Ба гуфтаи Авфи Байналмилал, бахусус занон мавриди табъиз қарор мегиранд. 15 дар сади аҳолии Эронро курдҳо ташкил медиҳанд ва теъдоди онҳоро 12 миллион нафар мегӯянд.

XS
SM
MD
LG