Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокими Туркия мамнӯъ нашуд


Додгоҳи қонуни асосии Туркия қарор кард, ки фаъолияти ҳизби ҳокими Адолат ва тараққӣ бо иттиҳоми нақзи усули дунявият манъ карда нашавад.

Додварон рӯзи душанбе баррасии ин парвандаро шурӯъ карда буданд ва имрӯз панҷ нафари онҳо ба тарафдории манъи фаъолияти ҳизб, аммо шаш тани онҳо бар зидди ин тасмим раъй доданд.

То эълони ин ҳукм изҳори нигаронӣ мешуд, ки ғайриқонунӣ шумурдани ҳизби сарвазир Раҷаб Тойиб Эрдуғон метавонист, сабаби ҳарҷу марҷи сиёсӣ ва ихлол дар гуфтушунидҳои узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо гардида, ба иқтисоди кишвар зарба бизанад.

XS
SM
MD
LG