Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нооромиҳо дар водии Сувоти Покистон


Ҳарбиёни Покистон мегӯянд, ситезаҷӯёни толиб ба як посгоҳи онҳо дар водии Сувот ҳамла карда, сабаби даргирии густарда шуданд, ки бар асари он панҷ сарбози покистонӣ ва 25 ситезаҷӯ кушта шуданд. Гумон меравад, ки дар ин ҷангҳо фармондеҳи муҳими Толибон бо номи Тор мулло низ кушта шудааст. Мақомоти покистонӣ дар сартосари водии Сувот қуюди гардииш эълон кардаанд. Даргириҳо замоне сар зад, ки бар асари ҳамлаи ситезаҷӯён се афсари хадамоти кашфи Покистон кушта ва 30 ходими амниятии он рабуда шуданд.
XS
SM
MD
LG