Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Иттиҳоди Аврупо дар мавриди Караҷич


Дар изҳороти ҳукумати Фаронса, ки раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро дар зимма дорад, истирдори Караҷич як қадами муҳими раванди оштӣ дар Балкани Ғарбӣ ва ҳаракати Сербистон ба самти Аврупо мебошанд. Гумонбаршудаи ҷиноятҳои ҳарбӣ Радован Караҷич имрӯз ба Нидерлонд интиқол дода шуд, то дар додгоҳи Ҳейг ё Гаага ба иттиҳомоти наслкушӣ дар ҷанги солҳои 1992-95 дар Боснӣ ҷавоб диҳад. Караҷич дар муҳосираи Сараево, ки 45 моҳ идома карда, сабаби ҳалокати ҳазорон нафар гардид ва ҳамчунин дар қатлиоми 8 ҳазор мусулмон дар Сребренитса дар соли 1995 айбдор мешавад. Вай пас аз 11 соли гурезагӣ дар бемористоне дастгир шуд, ки бо зоҳир ва номи ивазшуда дар он кор мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG