Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми қотилони журналисти телевизиони Русия


Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар қатли хабарнигори Шабакаи аввали телевизиони Русия, Илёс Шурпоев муҷрим донист ва ҳардуро барои муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кард. Додвари Додгоҳи олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов дар ин бора гуфт, ки бар асоси модаи 67 қисми 3 Қонуни кайфарии Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов ҳар кадом ба муддати 21 солӣ зиндонӣ мешаванд. Ятимов ва Муҳиддинов рӯзи 29-уми март зимни иттилоъи муфаттишони Русия дар Тоҷикистон боздошт шуда, аз дасти онҳо ашёи хусусии Шурпоев мусодира гаштааст. Ятимов ва Муҳиддинов, ки аз шиносҳои Шурпоев будаанд, шаби 21-уми март дар манзили кироии Шуропев дар Маскав уро кушта, амволашро рабудаанд. Маҳкумшудагон дар ҷаласаи қаблӣ баёнияи ибтидоӣ ва эътирофии худро рад карда буданд.
XS
SM
MD
LG