Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти густарда дар Диёлаи Ироқ


Намояндаи Вазорати дифоъи Ироқ мегӯяд, нерӯҳои ироқӣ бо пуштибонии сарбозони Иёлоти Муттаҳида дар ҷараёни амалиёти густардаи зидди ошӯб дар вилояти Диёла 35 гумонбаршудаи ошӯбгариро боздошт кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, боздоштшудагон ба ҷурми фаъолиятҳои террористӣ, куштор ва ҷиноятҳои дигар мавриди пайгард будаанд. Ҳазорон сарбоз рӯзи сешанбе вориди Диёла шуда, шаҳри Бақубаро ба муҳосира гирифтанд. Ҳарбиёни амрикоӣ мегӯянд, наздик ба 30 000 сарбози ироқӣ ва полис дар амалиёт ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG