Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон нахустин бозии худро дар даври ниҳоии Ҷоми даъвати AFC бо тими Туркманистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон нахустин бозии худро дар даври ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар гурӯҳи «А» бо тими мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.Ин дидор дар варзишгоҳи Гачибовлии шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор шуд.

Дастаи Тоҷикистон дар чунин ҳайат ҳунарнамоӣ кард: Алишер Тӯйчиев, Далерҷон Тухтасунов (Зафарҷон Зувайдов,дақиқаи 91-ум), Наим Носиров, Давронҷон Эргашев, Анвар Норқулов (капитан), Эраҷ Раҷабов, Самад Шоҳзуҳуров, Фатҳулло Фатҳуллоев (Соҳиб Саванқулов, 83), Ҷомихон Муҳиддинов (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 73), Давронҷон Тухтасунов, Юсуф Рабиев.

Ин бозӣ, аслан, бо бартарии комили футболбозони туркман сурат гирифт. Вале маҳорати хуби дарвозабон Алишер Тӯйчиев дарвозаи дастаи Тоҷикистонро борҳо аз гол эмин дошт. Танҳо як маротиба - дар дақиқаи 55-ум - Ҷомихон Муҳиддинов, ки бо дарвозабони дастаи Туркманистон як ба як баромад, аз имкони хуби голзанӣ истифода карда натавонист. Дар бозии дигари гурӯҳи А дастаи мизбон - Ҳиндустон - тими Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохта, бо се имтиёз пешсаф шуд. Голро Климакс Лоуренс дар дақиқаи дуввуми изофӣ ба самар расонд.

Дастаи Тоҷикистон дар ду бозии дигари гурӯҳӣ 1-уми август бо тими мизбон - Ҳиндустон - ва 3-юми август бо дастаи Афғонистон бозӣ хоҳад кард.

Бозиҳои даври аввали гурӯҳи «В» 31-уми июл байни дастаҳои мунтахаби Куриёи шимолӣ ва Шри-Ланка, Мянмар ва Непал доир мешаванд.

Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба бозиҳои ниманиҳоӣ, ки 7-уми август барпо мегарданд, роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ 10-уми август баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG