Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Олии Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Надҷмиддин Муҳиддиновро дар қатли Илёс Шурпоев, хабарнигори ОРТ муҷрим дониста, 21 сол маҳкум кард.

Шуҳрат Азимов, қозии ин парванда дар пайи судури ҳукми додгоҳи гуфт: “Бар асоси модаи 67қисми 3 қонуни кайфарии Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов ба мудати 21 сол зиндон маҳкум мешавад.”

Муҳокимаи парвандаи афроди муттаҳам дар қатли хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон рӯзи 18 июл оғоз ёфта ва бо чанд танаффус то 30 июл тӯл кашид. Наҷмуддин Муҳиддинов ва Масрурҷон Ятимов дар рӯзи охири мурофиа ба гуноҳи худ эътироф карданд. Ин дар ҳолест, ки дар оғози муҳокимаи парванда онҳо даст доштани худ танҳо дар ғорати амволи Илёс Шӯрпоевро иқрор карда, мегуфтанд, қатли хабарнигор кори дасти онҳо нест.

Саймуддин Муҳидинов, падари Наҷмиддин, яке аз ду нафари маҳкумшуда бо вуҷуди эъломи ҳукми додгоҳ ҳамчунон ба бегуноҳии фарзандаш исрор меварзад.

Наим Бердиев вакили мудофеъи Наҷмидин Муҳидинов низ мегӯяд, аз ҳукми додгоҳ норозист ва имкон дорад ки онҳо аз ин ҳукм ба ниҳоди болотари Додгоҳи олӣ шикоят баранд.

Хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар ин ҷиноят шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро муттаҳам карданд, ки ба гуфтаи муфаттишон, ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.

Ҳарду муттаҳам дар натиҷаи як амалиёти муштараки мақомоти интизомии Тоҷикистону Русия дар таърихи 29 март боздошт шуданд.

Масрурҷон Ятимов, ки ба эътиқоди тафтишот, дар қатли Илёс Шӯрпоев нақши асосӣ доштааст, дар соли 2005 дар Русия бо ҷурми дуздӣ маҳкум ба зиндон шуда ва ҳамагӣ як сол пеш қабл аз мӯҳлат аз маҳбас раҳо ёфта буд.

XS
SM
MD
LG