Пайвандҳои дастрасӣ

Радован Караҷич, роҳбари пешини сербҳои Боснӣ, ки Додгоҳи ҷиноёти ҷангӣ ӯро дар наслкушӣ муттаҳам мекунад, ба Ҳолланд мустарид шуд.

Раҳбари пешини сербҳои Бусниву Ҳерзеговин Радован Караҷич субҳи имрӯз ба Ҳолланд мустарид шуд. Додгоҳи байналмилалии ҷиноёти ҷанг, мақарашӯ дар Ҳейг ё худ Гаага, Радован караҷичро дар наслкушӣ дар солҳои ҷанги Буснӣ, ки аз соли 1992 то 1995 идома кард, муттаҳам мекунад.

Шоми дирӯз ҳудуди 10 000 нафар аз қавмгароёни серб дар пойтахти Сербистон, шаҳри Белград ба нишони пуштибонӣ аз Караҷич ташкили намоиши эътирозӣ карданд. Вале бо вуҷуди ин эътирозҳо, Белград тасмим гирифт, Караҷичро ба додгоҳи байналмилалӣ таслим кунад.

Субҳи чоршанбе, ҳамагӣ чанд соат баъд аз тазоҳуроти эътирозии тарафдорони Радован Караҷич, маъмурони ниқобпӯши ниҳодҳои амниятии Сербистон раҳбари пешини сербҳои Бусниро тавассути корвони “Ҷип”-ҳои сиёҳ ба фурудгоҳи Белград бурда ва аз он ҷо ба Ҳолланд мустарид карданд. Нерма Елачич, сухангӯи додгоҳи байналмилалии Ҳейг, додгоҳе ки махсус барои муҳокимаи ҷиноятҳои ҷанги Югославияи собиқ таъсис ёфтааст, субҳи чоршанбе таъйид кард, ки Радован Караҷич алакай дар боздоштгоҳи ин додгоҳ қарор дорад: “Ман метавонам тасдиқ кунам, ки Радован Караҷич баъд аз 13 соли фирор аз масъулият акнун ба боздоштгоҳи трибунал мунтақил шудааст. Ӯ соатҳои қариб ҳашти субҳи имрӯз ба боздоштгоҳи Шевенинген расид.”

Хонум Елачич гуфт, чанд рӯзи аввали Караҷич дар боздоштгоҳи Шевенинген сарфи муоинаи вазъи сиҳҳати ӯ хоҳад шуд ва ҳам дар ин муддат намояндагони додгоҳи байналмилалӣ ба ӯ тавзеҳ хоҳанд дод, ки оё аз кадом ҳаққҳое бархӯрдор аст.

“Трибунал шароити хуберо барои Караҷич замонат дода, ба ҳаққи вай ба як муҳокимаи мунсифонаву зуд ва мутобиқ ба меъёрҳои баландтарини байналмилалӣ, ки ин додгоҳ таъйин кардааст, эҳтиром мегузорад. Ва дар давоми рӯз мо интизор дорем, шунавем, ки оё кай мо метавонем зуҳури аввалини ӯ дар толори додгоҳро бубинем?”

Дар ҳамин ҳол ҳол, назари мардум дар Сербистон ба хабари истирдоди Радован Караҷич ҳамоно яксон нест. Як рӯзномафурӯш дар Белград мегӯяд: “Ман шахсан мухолифи истирдод будам. Ӯ буд, ки сербҳоро дар Буснӣ ҳифз кард ва агар ӯ намебуд, дар Буснӣ дигар ягон серб боқӣ намемонд.”

Аммо як сокини дигари пойтахти Сербистон мегӯяд, муҳим ин аст, ки бори гуноҳи ҷанги Югославияро бар дӯши тамоми мардуми серб бор накунанд: “Агар назари маро пурсед, бояд тамоми ҷинояткорони ҷанг мустарид шаванд. Як чизро фақат мехоҳам замм кунам, ки ин гуноҳи муштарак нест. Пас чаро бори гуноҳеро, ки бархе афроди алоҳида содир кардаанд, ба гардани тамоми Сербистон меандозед?”

Шаби сешанбе Ҳизби радикали Сербистон, аз ташаккулҳои сиёсии қавмгароёни серб, ба як намоиши густардаи эътирозӣ алайҳи боздошти Радован Караҷич даъват кард, вале шумори гирдиҳамомадагон дар Белград назар ба ончӣ ки тарафдоронаш интизор доштанд, хеле кам буд.

Ба ҳисоби пулис, шумори эътирозгарон дар ҳудуди 15 000 нафар будааст. Ин дар ҳолест, ки ташкилдиҳандагони гирдиҳамоӣ ширкати то 150 000 нафарро интизор доштанд. Тазоҳурот дар ниҳоят ба даргирӣ бо нирӯҳои пулис печид.

Раҳбари ҳизби радикали Сербистон Александр Вучич гуфт, ҳадафи онҳо эътироз ба режими ба гуфтаи ӯ, “диктаторӣ”-и президенти Сербия Борис Тадич буд, ки давлати рӯ ба ғарби таҳти раҳбарии ӯ, ба эътиқоди Вучич, аз боздошти Радован Караҷич ба хотири ба Иттиҳодияи Аврупо бештар наздик кардани Белград истифода мебарад.

Додгоҳи байналмилалии Ҳейг, ки СММ махсус барои муҳокимаи ҷиноятҳои содиршуда дар даврони ҷанги шаҳрвандии Югославияи собиқ таъсис додааст, Радован Караҷич, ин раҳбари собиқи сербҳои Бусниро дар наслкушӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият дар солҳои 1992-1995 дар Буснӣ муттаҳам мекунад.

Ӯ аз соли 1996 ба ин сӯ таҳти таъқиб қарор дошт ва баъд аз 13 соли фирор, дар таърихи 21 июл дар канори Белград, пойтахти Сербистон дастгир карда шуд.

XS
SM
MD
LG