Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макотиби сӯхта ва муаллимони куштаи афғон


Вазири маорифи Афғонистон мегӯяд, баъд аз моҳи март дар ин кишвар беш аз ҳафтод омӯзгору донишомӯз кушта ва беш аз шаст мактаб сӯхта шудааст.

Ба қавли Муҳаммад Сиддиқ Патман, аз оғози соли хониш дар макотиби ин кишвар 6,5 милюн толибилм ширкат мекарданд, ки 9 ҳазори онҳоро духтарон ташкил медоданд, вале ҳоло чор моҳ мешавад, ки даҳҳо ҳазор толибилм аз таҳсил дур мондаанд. Зеро ба далели ноамнӣ дар идомаи чор моҳ 64 мактаб дари худро ба рӯйи толибилмон бастаанд.

Муҳамад Сиддиқ Патман, вазири маорифи Афғонистон, гуфт, аксаран дар вилоёти Қандаҳор, Ҳилманд, Урузгон, Пактико ва Зобул мактабҳо наметавонанд фаъол бошанд. Вай мегӯяд, дар ин охирҳо Толибон миёни сокинон варақае паҳн кардаанд, ки саршор аз таҳдид аст ва чунин маъно дорад: “Сокинон бояд фарзандони худро ба мактаб нафиристанд ва агар фиристанд, оқибаташ хуб нахоҳад буд”.

Патман мегӯяд, мактабҳо нерӯ надоранд, ки алайҳи ҳамлаҳо ва таҳдидҳои шӯришгарони Толиб муқобилат кунанд. Аммо вай мегӯяд, онҳо иқдом кардаанд, ки аз сокинони маҳаллӣ хоҳиш кунанд, то дар ҳифозати мактабҳо ба онҳо кӯмак намоянд. Оқои Патман афзуд: “Мо ин корро шурӯъ кардем, то мардум огоҳӣ пайдо кунанд. Сатҳи огоҳии мардум нисбат ба солҳои пеш баланд рафтааст ва онҳо омодаанд, ки аз макотиби худ дифоъ кунанд. Мо шӯроҳоро сохтем ва дар бисёр ҷойҳо муваффақ будем, ки макотибро дубора боз кунем”. Муҳаммад Сиддиқ Патман мегӯяд, барои он ки кафолати амнияти толибилмону муаллимон дода шавад, бояд ҳукуматҳои маҳаллӣ низ талош кунанд. Онҳо бояд ба Толибон паём фиристанд, ки ҳамлаи худ болои мактабу донишомӯзон ва муаллимонро хотима бахшанд. Ва ҳам вазифаи ҳукуматҳои маҳаллист, ки ба Толибон фаҳмонанд, мактаб ва таълиму тарбия аз ҳама гуна идеолоҷӣ ва сиёсат озод аст.

Маъсума, духтари сенздаҳсолаест, ки дар вилояти Ҳилманд ба сар мебарад. Вай мегӯяд, ҳамагӣ се сол пеш волидонаш ӯро ба мактаб бурдаанд. Аммо пас аз муддати кӯтоҳе, баъд аз таҳдидҳои пайвастаи Толибон мактаби онҳо баста мешавад. Маъсума мисли дигар ҳамсолонаш ба ин суол посух намеёбад, ки чаро мактаби онҳо наметавонад мисли мактаби дигар вилоёти Афғонистон боз бошад: “Соли гузашта мактаби моро бастанд. Мо умед дорем, ки ба ин зудиҳо он дубора фаъол мешавад. Ман хеле ошуфта шудам, ки мактаби моро бастанд. Мо то ҳанӯз намедонем, ки чаро мактабҳо дар вилоёти дигар фаъоланду дар вилоёти мо не. Мо мехоҳем, ки мактаби мо дубора фаъол гардад”.

Ин ҳама дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулони вазорати маорифи Афғонистон, ҳукумати ин кишвар барномаи сохтмони 30 мактаби навро рӯйи даст гирифтааст. Вале Маъсума ва мисли ӯ барин духтарон, ки 35 дарсади донишомӯзони Афғонистонро ташкил медиҳанд, умед надоранд, ки “поёни шаби сиёҳ”-и онҳо ба ин зудиҳо “сафед” шавад.

XS
SM
MD
LG