Пайвандҳои дастрасӣ

Караҷич ба Гаага интиқол дода шуд


Гумонбаршудаи ҷиноятҳои ҳарбӣ Радован Караҷич имрӯз ба Нидерлонд интиқол дода шуд, то дар додгоҳи Ҳейг ё Гаага ба иттиҳомоти наслкушӣ дар ҷанги солҳои 1992-95 дар Боснӣ ҷавоб диҳад. Субҳи имрӯз ӯ дар ҳалқаи кормандони ниқобпӯши хадамоти амнияти Сербистон аз маҳбас ба фурудгоҳи Белград расонда шуд. Шаби гузашта наздик ба 10 ҳазор нафар аз миллатгароёни серб зидди истирдоди ӯ ба Ҳейг дар Белград тазоҳурот карданд. Дар хушунатҳои марбут ба ин намоиш даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Караҷич дар муҳосираи Сараево, ки 45 моҳ идома карда, сабаби ҳалокати ҳазорон нафар гардид ва ҳамчунин дар қатлиоми 8 ҳазор мусулмон дар Сребренитса дар соли 1995 айбдор мешавад. Вай пас аз 11 соли гурезагӣ дар бемористоне дастгир шуд, ки бо зоҳир ва номи ивазшуда дар он кор мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG