Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири дифоъи Русия дар Душанбе


Мақомоти Русия мегӯянд, вазири дифоъи ин кишвар Анатолий Сердюков, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо намояндагони олирутбаи Тоҷикистон ҳамкориҳои низомӣ ва фаннии ду кишварро баррасӣ мекунад. Бино ба хабарҳо, дар ҷараёнри мулоқот бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи таҳсили афсарони тоҷик дар донишгоҳҳои Русия баррасӣ мешавад. Қарор аст, ҳамчунин Анатолий Сердюков - вазири дифоъи Русия, аз пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистон дидан кунад. Ва як рӯз баъд аз сафари кории вазири дифоъи Русия ба Душанбе, фардо 31 июл фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико Мартин Демпсӣ низ вориди Душанбе шуда ва бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG