Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби ҳокими Туркия дар интизори ҳукм


Додгоҳи Қонуни Асосии Туркия рӯзи 29 июл низ натавонист, дар мавриди сарнавишти ҳизби ҳокими ин кишвар ҳукм содир кунад ва аз ин сабаб баҳси ин масъала идома меёбад. Мақомот гуфтанд, ки додрасҳо ҳар рӯз то замони ҳосил шудани ҳукм нишаст доир хоҳанд кард, вале замони мушаххаси судури ҳукм эълом нашудааст. Ҳизби Адолат ва Тавсиъа ҳизби ҳоким дар Туркияро ба он муттаҳам мекунанд, ки арзишҳои дунёвии дарҷёфта дар Қонуни Асосиро риоят накардааст, аз ин сабаб бояд фаъолияташ мамнӯъ шавад. Чунин ҳукми додгоҳ метавонад, ба иқтисоди Туркия садама зада, онро дучори халои сиёсӣ кунад ва талошҳои Туркия барои пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро ба ҳеҷ расонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG