Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарнигори афғонро боздошт карданд


Бино ба гузоришҳо, Хадамоти амниятии Афғонистон хабарнигори телевизиони мустақили "Ориёно"- ро боздошт кардаанд. Намояндагони ин телевизион гуфтанд, ки Муҳаммадносир Фаёзро як рӯз баъд аз он боздошт карданд, ки намоиши барномааш дар телевизион рӯзи душанбе 29 июл бо дастури хадамоти амният манъ шуд. Барномаи ин хабарнигорро рӯзи душанбе дар ҷаласаи ҳукумати Афғонистон баррасӣ карда ва дастур додаанд, то Муҳаммадносир Фаёз барои танқиди мақомоти баландпоя, "бар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашанд."

XS
SM
MD
LG