Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи варзишгарони Ироқ амалӣ шуд


Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ рӯзи сешанбе иҷоза дод, то як гурӯҳи варзишгарони ироқӣ дар бозиҳои олимпии Пекин ширкат кунанд. Кумитаи мазкур як ҳафта пеш варзишгарони ироқиро аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпӣ маҳрум кард, зеро ҳукумати Ироқ бо барҳам додани Кумитаи Олимпии ин кишвар Кумитаи Байналмилалии Олимпиро хашмгин кард. Дар мулоқоти рӯзи 29 июл мақомоти ироқӣ ва кумитаи мазкур дар ниҳоят ихтилофоти назар рафъ шуда ва танҳо ба ду варзишгари ироқӣ дар навъи варзиши сабук иҷоза додаанд, барои ширкат ба бозиҳои олимпӣ ба Пекин бираванд. Ҳукумати Ироқ моҳи март бинобар ҷанҷолҳо доир ба шеваи интихоби аъзо Кумитаи Олимпии Ироқро барҳам дод.

XS
SM
MD
LG