Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Кохи Ваҳдати Душанбе намоишгоҳи санъативу тиҷоратии ширкатҳои чинй ифтитоҳ шудаст, ки чаҳор рӯз идома хоҳад кард.

Ин аз бузургтарин намоишгоҳҳои саноативу тиҷоратии Чин дар ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаркулманофеъ унвон мешавад ва дар намоишгоҳи мазкур ҳудуди 70 ширкати бузург аз 6 музофоти Ҷумҳурии Чин маҳсулоти санъатии худ шурӯъ аз лӯхтакҳои атфол то мошинҳои борбари вазнин ва маҳсулоти бунёди роҳи оҳанро ба маърази тамошо гузошта буданд.

Вижагии намоишгоҳ ҳамчунин дар он номбар мешавад, ки ахиран ширкатҳои чиноӣ бо ҳузури худ дар Тоҷикистон маҳсулоти баландсифатро ба намоиш гузоштанд, ки низ зиёд харидорӣ мешуд.

Дар намоишгоҳи тиҷорату сармоягузории Тоҷикистону Чин маҳсулоти санъатиии ширкатҳои бузурги чинӣ, аз ҷумла мошинолот, фанновариҳои кӯҳкан, мухобиротӣ бунёди роҳ ва манзилсозӣ, нақлиёти мусофирбар ва таҷҳизоти компутарӣ ба маъраз гузошта шудааст. Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Чин барои баргузории ин намоишгоҳ ҳудуди 2 миллион юан ихтисос додааст. Ин маҳсулот аз ширкатҳои бузурги чиноии Твеа, ЗТИ, Хуавей, Твенҷин, Нуандун, Гундуан, Сюан Юан ва чанде ба ин монанд, буданд.

Ба гуфтаи Су Юн Ҳу, раҳбари департаменти Аврупои вазорати тиҷорати Чин ҳадаф аз таъсиси инчунин намоишгоҳ тавсеаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодии миёни Тоҷикистон Чин аст: «Вазорати иқтисод ва тиҷорати Чин омода аст, ки барои эҷоди фазои мусоид ҷиҳати тавсеаи равобити мустақими доираҳои туҷҷории Тоҷикистону Чин шароит фароҳам оварад».

Ҳамчунин дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ Ғуломҷон Бобозода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз таваҷҷӯҳи сармоягузорон ва тоҷирони чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон тавсиф намуда ва намоишгоҳи фаровардаҳои саноеии чинро рамзи тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвари ҳаммарз унвон кард.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои чинӣ низ ба бозори Тоҷикистон афзалият медиҳанд ва ба тавсеъаи ҳамкориҳои тоҷирону соҳибкорони ду кишвар хушбинанд. Ба гуфтаи Оринт Тсао намояндаи ширкати Сюан Юан, ки ин ширкат аз се соли қабл ба ин сӯ вориди бозори Тоҷикистон шудааст, феълан дар бахшҳои мухталиф ҳамкорони худро пайдо кардааст: «Самти аслии фаъолияти ширкати мо содирот ва воридоти таҷҳизоти бунёди роҳи оҳан, тавлиди фанновариҳои амниятӣ, бунёди манзил ва меҳмонхона, ҳамчунин истеҳсоли таҷҳизоти комуптарӣ аст. Феълан ширкати мо дар Тоҷикистон як корхонаи тавлиди хишт бунёд карда мавриди истифода қарор додааст».

Дар рӯзи нахустини намоишгоҳ теъдоде аз тоҷирон ва масъулини корхонаҳои Тоҷикистон барои дарёфти фаровардаҳои саноеъи ниёзманд бо ширкатҳои чинӣ қарордод бастанд. Раҳмоналӣ Боев, намояндаи вазорати мелиоратсия ва захоири оби Тоҷикистон, ки барои харидории чанд теъдод мошинолот бо ширкати Синбэй қарор ба тасвиб расонд, гуфт, ширкати Синбэй дастрасии мошинолоти харидоришударо то марзи Тоҷикистон бар ӯҳда гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол тоҷирон ва харидорони тоҷик дар миёни молу колои чинии бозорҳои дохилии Тоҷикистон ва фаровардаҳои чинии вориди намоишгоҳшуда фарқ мегузоранд.

Ин дар ҳолест, ки табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Чин дар як соли пеш ба 524 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда ва Чин ба севвумин кишвари аслии воридкунандаи Тоҷикистон табдил гардидааст. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ табодули молу коло миёни ин ду кишвар наздик ба 300 миллион доллар расидааст.

Феълан, дар Тоҷикистон бештар аз 50 тарҳи муштарак бо Чин рӯи даст аст ва дар дохили Тоҷикистон бештар аз 40 ширкати чинӣ фаъолият дорад.

XS
SM
MD
LG