Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ мехоҳад ба бозиҳои олимпии Пекин роҳ ёбад


Имрӯз дар шаҳри Лозанаи Швейтсария ҳайъати ҳукумати Ироқ бо намояндагони Кумитаи байналмилалии олимпӣ имкони ширкати варзишгарони ироқӣ дар бозиҳои олимпии Пекинро баҳс мекунад. Кумитаи байналмилалии олимпӣ бо ишора ба дахолати ҳукумати Ироқ дар фаъолияти Кумитаи миллии олимпии ин кишвар варзишгарони Ироқро аз ширкат дар бозиҳои Пекин маҳрум кардааст. Мансабдорони кумитаи байналмилалии олимпӣ мегӯянд, агар ҳукумати Ироқ қарорашро лағв намуда, афроди аз Кумита барканор намудаашро дар вазифаҳояшон барқарор кунад, ҳанӯз ҳам Ироқ имкон дорад, ки ба бозиҳои олимпӣ роҳ ёбад. Рӯзи чоршанбе сабти номи ҳайъатҳои олимпӣ ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG