Пайвандҳои дастрасӣ

Киштии зериобии Русия дар қаъри Байкал


Як киштии хурди зериобии истеҳсоли Русия то қаъри кӯли Байкал расида, рекорди нави ғавввосӣ дар кӯлҳоро сабт намуд. Ташкилкунандагони ин маърака мегӯянд, киштии зериобии Мир-2 ба амиқтарин нуқтаи бистари кӯли Байкал расидааст. Байкал дар минтақаи Сибири Русия воқеъ буда, бузургтарин кӯли шириноби дуён ба шумор меравад. Амиқтарин нуқтаи ин кӯл ба 1680 метр мусовӣ мебошад. Пажӯҳишгарон нақша доранд, ки аз гӯшаҳои мухталифи бистари ин кӯл намунаи об ва ҳашароту наботот бигиранд. Таҳқиқотро Артур Чилингаров ташкил намудааст. Моҳи августи гузашта ӯ ҳамин гуна сафарро дар обҳои уқёнуси яхбастаи шимолӣ ташкил намуда, дар Қутби Шимолӣ дар бистари уқёнус байрақи Русияро мустақар намуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG