Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи ҳизби ҳокими Туркия идома дорад


Рӯзи сешанбе додгоҳи конститутсионии Туркия муҳокимаи ҳизби ҳокими Адолат ва тараққиёти сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғонро идома дод. Муҳокима рӯзи душанбе бидуни эълони ҳукм ба анҷом расида буд. Додгустарҳо мегӯянд, то замони эълони ҳукм ҷаласаҳои додгоҳ ҳар рӯз идома хоҳанд дошт.
Ҳизби ҳокими Туркия бо поймол намудани асосҳои дунявии сохти конститутсионии ин кишвар муттаҳам мешавад. Рӯзи душанбе қабл аз оғози муҳокима дар шаҳри Истанбул ду бомба мунфаҷир гашта, камаш 17 нафарро ба ҳалокат расониданд. Дар ин ҳамлаҳо ҳадди ақалл 150 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG