Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор нафар марзбони Узбакистон тариқи марзшиканӣ вориди хоки Тоҷикистон шуда, шаш сар чорвои сокинони деҳаи Роғичи ноҳияи Панҷакентро ба ғорат бурдаанд.

Ҳикматулло Исматов, раиси ҷамоъати Моҳиёни ноҳияи Панҷакент, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, марзбонони узбак бо баҳонаи он, ки аспҳои онҳо вориди марзи Тоҷикистон шудаанд, дар масофаи ду километр дур аз хати марз ба деҳаи Роғич даромада, шаш сар гови сокинони ин деҳаро бо зурӣ ба ғорат бурдаанд. Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи марзбонони Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон ин қазияро баррасӣ мекунанд.

Раиси ҷамоъати Моҳиёни ноҳияи Панҷакент гуфт, агарчи дар ин минтақаи марз аз ҷониби мақомоти Узбакистон минаҳо гузошта шудаанд, вале бо ин вуҷуд марзбонони узбак бо истифода аз нақша ва харитаҳои минахобонӣ тариқи марзшиканӣ ҳар сари чанд вақт вориди хоки Тоҷикистон мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳикматулло Исматов, чунин марзшикании сарҳадбонони Узбакистон ва ғорати чорвои сокинони Тоҷикистон барои нахустин бор набудааст.

XS
SM
MD
LG