Пайвандҳои дастрасӣ

СММ: "Монеъи тавлиди ҳероин шавед"


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд кори зиёдтаре кунад, то нагузорад, ки маводи кимиёвии лозим барои тавлиди ҳероин ба Афғонистон бирасад.

Кристина Огуз намояндаи Идораи Созмони Милал дар умури мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноёт рӯзи душанбе гуфт, табдили афюн ба ҳероин асосан дар дохили Афғонистон сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, ҳоло 70 дар сади ҳероин дар дохили худи Афғонистон тавлид мешавад. Эрону Покистону Туркия аз дигар кишварҳои тавлидкунандаи ҳероин унвон кардаанд.

XS
SM
MD
LG