Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқиҳоро ба ҳифзи оромиш даъват карданд


Ҳукумати Амрико силсилаи бомбгузориҳои интиҳорӣ дар Ироқро маҳкум кард ва мардуми ин кишварро ба "ҳифзи оромиш" даъват намуд. Бар асари ин бомбгузориҳо рӯзи душанбе дасти кам 50 нафар ҷон доданд. Пештар аз ин баёнияи Ҷордон Гондроу - сухангӯи Шӯрои Амниятии Миллии Амрико мақомоти ироқӣ гуфтанд, се зани маргталаб бомбгузориҳоро анҷом додаанд, ки дар ҷараёни ин ҳамлаҳо тақрибан 200 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ду маргталаб худро дар миёни издиҳоми зойирони шиъамазҳаб дар ноҳии Каррода мунфаҷир карданд ва як бомбгузори маргталаби дигар худро дар миёни тазоҳургарон дар шаҳри Киркук мунфаҷир кард. Ин тазоҳургарон ба нишони эътироз аз як банди қонуни интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ҷамъ омада буданд.

XS
SM
MD
LG