Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи муҳокимаи ҳизби ҳокими Туркия


Қарор аст, имрӯз 29 -уми июл Додгоҳи Олии Туркия баррасии сарнавишти ҳизби ҳокими ин кишварро идома диҳад. Ҳизби нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон, Ҳизби Адолат ва Тавсиаро ба он муттаҳам мекунанд, ки арзишҳои дунёвии дарҷёфта дар Қонуни Асосиро риоят накардааст ва мехоҳанд, то фаъолияти ин ҳизб мамнӯъ шавад. Рӯзи душанбе додрасҳои додгоҳ нишасти худро бидуни қароре доир ба ояндаи ҳизб поён доданд. Чанд соат пеш аз нишасти додрасҳо, дар шаҳри Истанбул ду таркиш ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 17 нафар кушта ва бештар аз 150 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. То кунун маълум нест, бомбгузорӣ амали дасти мебошад. НАТО, ҳукумати Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бомбгузориҳои Истанбулро бомбгузориҳоро маҳкум намуда ва онро "ҳамлаи зишти терористӣ" унвон карданд.

XS
SM
MD
LG