Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи изтирорӣ дар ғарби Укроин


Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Укроин дар манотиқи бар асари обхезӣ зарардидаи кишвар вазъи изтирорӣ эълон кард. Акнун ин тасмим бояд аз сӯи парлумон пазируфта шавад. Бар асари ин офати табиӣ дар ғарби Укроин 22 нафар, аз ҷумла, шаш тифл ба ҳалокат расиданд. Қаламрави бузург дар чанд вилоят зери об мондааст. Даҳҳо ҳазор нафар бехонумон шуданд.
Ба иттилоъи мақомоти Укроин, обхезӣ ба кишвар ба маблағи садҳо миллион доллар хисорот ворид кардааст.

XS
SM
MD
LG