Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод хостори тағйири мавзеъгирии ИМА шуд


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон изҳор намуд, ки Теҳрон барои иқдоми мусбат дар робита ба барномаи ҳастаияш омода аст ва аммо ба шарте, ки мавзеъгирии Иёлоти Муттаҳида дар мавриди Эрон тағйир бихурад. Ин изҳороти Аҳмадинажод дар сӯҳбати ӯ бо шабакаи телевизионии NBC садо дод. Раисиҷумҳури Эрон бори дигар аз ширкати намояндаи Амрико дар музокирот оид ба барномаи ҳастаи кишвар, ки ҳафтаи гузашта дар Женева доир гардид, истиқбол намуд. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба Теҳрон, дар ивази қатъи ғанисозии ураниум, ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва амниятро пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG