Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумат хабари "Коммерсант"-ро рад кард


Мақомоти Тоҷикистон хабари ба ихтиёри Русия вогузошта шудани аз чаҳор се ҳиссаи саҳмияҳои бунёди нерӯгоҳи Роғунро рад кардаанд. Чанд рӯз пеш рӯзномаи «Коммерсант»-и чопи Маскав иттилоъ дод, ки муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов бо ирсоли як нома ризояти кишвар барои ба ширкатҳои давлатии русӣ додани 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро эълом кардааст. Ва аммо як масъули Дафтари раисиҷумҳури Тоҷикистон ин хабарро рад кард ва гуфт, ки “дар номаи муовини сарвазири Тоҷикистон ба омодагии Тоҷикистон барои додани саҳмияҳои Роғун ба Русия ишорае нашудааст”. Хабари “Коммерсант”-ро дар мусоҳиба бо рӯзномаҳои маҳаллӣ худи Асадулло Ғуломов низ рад кардааст.

XS
SM
MD
LG