Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои маргбор дар Ироқ


Бар асари силсилаи таркишҳо дар Ироқ имрӯз дасти кам 47 нафар кушта ва беш аз сад нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи пулиси Бағдод, ду таркиш дар ин шаҳр мунҷар ба ҳалокати дасти кам 24 нафар гардид. Ин ҳамлаи террористӣ аз сӯи ду зани маргталаб дар миёни зоирини шиамазҳабе, ки сӯи ҷойи муқаддаси минтақаи Козимия раҳпаймоӣ мекарданд, сурат гирифт.

Дар шаҳри Киркук бошад, маргталаб худро миёни онҳое тарконд, ки дар як ҳамоиш алайҳи қонун дар бораи интихоботи маҳаллӣ эътироз мекарданд. Дар ин ҳодиса, ба иттилоъи расмӣ, 22 нафар кушта ва тақрибан 50 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG