Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Афғонистон


Теъдоди ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Афғонистон, ки аз сӯи мухолифини ҳукумат сурат гирифтаанд, назар ба нимсолаи аввали соли гузашта 50 дар сад афзоиш ёфтанд. Дар ин бора созмони ғайриҳукуматии “Бюрои амният”-и Афғонистон хабар дод. Ба иттилоъи ин созмон, аз аввали сол то охири мои июн дар Афғонистон беш аз 2 ҳазор ин гуна ҳамлаҳо сурат гирифтанд – барои қиёс, дар ҳамин давраи соли гузашта 1300 ҳамла сабт шуда буд.

“Бюрои амният” навиштааст, ки бисёр вақт кормандони созмонҳои хайрия ҳадафи ҳамла қарор мегиранд. Соли равон бар асари сӯиқасду таркишҳо ва гаравгонгирӣ 19 корманди созмонҳои хайрия кушта шуданд. Дар пайи ҳамин гуна ҳамлаҳо дар соли гузашта 15 корманди созмонҳои хайрия ҷон бохта буданд.
XS
SM
MD
LG