Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истирдоди Бут мавқуф гузошта шуд


Додгоҳи Тоиланд баррасии мавзӯъи истирдоди шаҳрванди Русия Виктор Бут ба Иёлоти Муттаҳидаро то рӯзи 22 август мавқуф гузошт. Виктор Бут, ки зимнан зодаи шаҳри Душанбе аст, дар хариду фурӯши ғайниқонунии силоҳ гумонбар мешавад. Баррасии мавзӯъ ба он хотир мавқуф гузошта шуд, ки вакили дифоъи Бут дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат надошт.

Виктор Бут, афсари собиқи нерӯҳои ҳавоии шӯравӣ, авоили моҳи март дар Бангкок боздошт шуда буд. ИМА Бутро дар фурӯши силоҳ ба ошубгарон дар Колумбия ва дигар кишварҳое, ки солҳои 90-уми қарни гузашта низоъҳои мусаллаҳона сурат гирифтанд, айбдор мекунад. Ӯ ҳамчунин дар таҳияи ҳамла ба афсарони амрикоӣ муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG