Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари ду таркиши пайдарпаи шадид дар шаҳри Истанбули Туркия, шаби якшанбе дастикам 16 нафар кушта ва 154 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар баёнияи расмии шаҳрдори Истанбул гуфта мешавад, аз миёни захмиён вазъи 15 тани онҳо ниҳоят вазнин аст. Ба қавли шоҳидони айнӣ, афроди зиёде барои кӯмак ба осебдидагони таркиши аввал шитофта ва дар натиҷаи инфиҷори дуввум маҷрӯҳ шудаанд.

Муаммар Гулер - шаҳрдори Истанбул гуфт, таркишҳо дар маҳалли коргарнишини Гунгорен ба вуқӯъ пайваст. Ин таркишҳо дар фосилаи 10 дақиқа миёни ҳамдигар ба вуқӯъ пайвастаанд ва Муаммар Гулер онҳоро "ҳамлаҳои террористӣ" унвон кард.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG