Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи "Тоҷири марг" ба таъхир афтод


Додгоҳи Тайиланд баррасии дархости истирдоди қочоқбари силоҳ Виктор Бут ба Амрикоро ба таъвиқ гузошт, ки ӯро “Тоҷири марг” лақаб ниҳодаанд. Шаҳрванди Русия Виктор Бутро моҳи март зимни як амалиёти ба раҳбари ҷосусони Амрико дар Банкок боздошт карданд. Мақомоти Амрико Виктор Бутро ба терроризм, аз ҷумла барои кӯшиш ҷиҳати фурӯхтани силоҳ ба шуришиёни марксисти Колумбия муттаҳам мекунанд. Виктор Бут ҳамчунин ба талош ҷиҳати қатли афсарону амрикоӣ ва ба даст овардани мушакҳои зидди ҳавопаймо муттаҳам кардаанд.
XS
SM
MD
LG