Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузориҳои Ҳиндро маҳкум карданд


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ги Мун бо нашри як баёния силсилаи бомбгузориҳо дар ду шаҳри Ҳиндустонро башиддат маҳкум кард, ки дар ин бомбгузориҳо теъдоди зиёди афроди бегуноҳ ҷон доданд. Сухангӯи шӯрои амнияти миллии Амрико Гордон Ҷондроу низ гуфт, “кишвараш ба хонаводаҳои қурбониёни бомбгузориҳои рӯзҳои таътил ҳамдардии самимона баён мекунад.” Айни замон раҳбарони сиёсии Ҳинд мардуми саросари кишварро ба оромӣ даъват карда ва мақомоти интизомии тамоми шаҳрҳоро ба ҳолати омодабош даровардаанд. Дар 16 бомбгузорӣ дар бозору, автобусҳои мусофирбар ва бемористонҳои шаҳри Аҳмадобод 45 нафар кушта ва 160 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG