Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи бомбҳои нав дар Аҳмадобод


Пулис дар шаҳри ғарбии Аҳмадободи Ҳинд рӯз 27 - уми июл се бомби дигар ёфта ва хунсо кардааст. Як рӯз пеш аз ин дар мавҷи таркишҳо дар Аҳмадобод дасти кам 46 нафар кушта ва бештар аз 60 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Раҳбарони сиёсии Ҳинд мардуми кишварро ба оромӣ даъват карда ва мақомоти интизомии тамоми шаҳрҳоро ба ҳолати омодабош даровардаанд. Як гурӯҳи исломӣ худро "Муҷоҳиддини Ҳинд" муаррифӣ карда ва масъулияти 16 ҳамлаҳои ҷудогона дар Аҳмадободро бар дӯш гирифтааст. Ин гурӯҳ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамлаи 25 июл дар шаҳри Бангалор амали дасти ҳамин гурӯҳ будааст.
XS
SM
MD
LG