Пайвандҳои дастрасӣ

Сербия интизори татбиқи созиш бо Иттиҳоди Аврупост


Сарвазири Сербия Мирко Светкович мегӯяд, ҳабси Радован Караҷичи муттаҳам бо ҷиноятҳои низомӣ аз он шаҳдоат медиҳад, ки Белград ӯҳдадориҳои байналмилалиашро эътироф менамояд. Ӯ афзуд, ки шояд боз чанд ҳабси дигар ба вуқӯъ пайвандад. Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Залтсбурги Австрия Светкович гуфт, ки Сербия мунтазири ҷоиза ба хотири ҳабси Караҷич намебошад. Аммо дар айни замон мансабдори серб илова кард, ки Белград умед дорад, Иттиҳодияи Аврупо созиши ҳамкорӣ бо Сербияро ба ҳукми иҷро медарорад. Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки мехоҳад қабл аз татбиқи созиш шоҳиди ҳабси муттаҳамҳои боқимонда гардад.
XS
SM
MD
LG