Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи Туркия болои мавқеъи курдҳо дар Ироқ


Низомиёни Туркия мегӯянд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар болои пойгоҳҳои ҷудоихоҳони курд дар Шимоли Ироқ ҳамла карданд. Ба қавли ҳамин манбаъ ҳадафи ҳамла минтақаи Кӯҳи Қандил воқеъ дар назди марзи Ироқу Эрон будааст. Ба фикри фармондеҳони турк раҳбарони ҷудоихоҳони курд дар ҳамон ҷо паноҳ бурдаанд. Ҷудоихоҳони курд сар аз соли 1984 барои мухторият дар ҷанубу шарқи Туркия талош доранд. Онҳо баъзан пойгоҳҳояшон дар шимоли Ироқро барои таҳияи ҳамлаҳо дар хоки Туркия истифода мебаранд.
Соли равон бар иловаи чандин ҳамлаи ҳавоӣ болои пойгоҳҳои ҷудоихоҳони курд низомиёни Туркия моҳи феврал як ҳафта дар қаламрави Ироқ бар зидди ҷудоихоҳони курд амалиёти заминии низомӣ пеш бурданд.
XS
SM
MD
LG