Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар пайи бомбгузориҳои ду рӯзи ахир, ки ҳаёти дастикам 46 нафарро аз байн бурдаанд, шаҳрҳои Ҳиндустон дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Гурӯҳи номаълуме бо номи Муҷоҳидини Ҳиндустон масъулияти бомбгузориҳо дар шаҳри ғарбии Аҳмадободро бар дӯш гирифт. Як рӯз пеш аз он силсилаи бомбгузориҳо дар шаҳри ҷанубии Бангалор ба вуқӯъ пайваста буд.

Дар бозорҳо, бемористонҳо, фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои роҳи оҳани шаҳрҳои Ҳиндустон чораҳои иловагии амниятӣ андешида шудаанд ва дар шаҳри Деҳлии Нав полис бо истифода аз баландгӯякҳо ба мардум ҳушдор медиҳад, ки ба ҷомадону маводи бесоҳиб таваҷҷӯҳ намоянд.

Рӯзи шанбеи 26-уми июл дар шаҳри ғарбии Аҳмадобод 16 бомбгузорӣ ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он камаш 45 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 161 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Силсилаи дигари таркишҳо як рӯз пеш аз он дар шаҳри ҷанубии Бангалор ҷой дошт.

Наренда Модӣ сарвазири вилояти Гуҷарат, ки шаҳри Аҳмадобод дар он ҷойгир аст, аз мардум даъват кард, ки оромиро аз даст надиҳанд: "Мо масъулони ин амалро аз зери санг ҳам пайдо хоҳем кард. Шумо хоҳед дид, ки мо зуд ва бо шиддат мушкилиро ҳал мекунем. Ман аз мардуми Гуҷарат даъват мекунам, ки ваҳдату суботро ҳифз намоянд".

Полис мегӯяд, ки дар иртибот бо таркишҳо даҳҳо фарди муттаҳамро боздошт кардааст.

Гурӯҳи Муҷоҳидини Ҳиндустон, ки масъулияти таркишҳои Аҳмадободро бар ӯҳда гирифтааст, дар паёме ба расонаҳои хабарӣ чизе дар бораи ҳамлаҳо дар Бангалор нанавиштааст.

То моҳи май дар бораи гурӯҳи Муҷоҳидини Ҳиндустон чизе маълум набуд. Ҳамон вақт ин гурӯҳ масъулияти ҳамла дар шаҳри ғарбии Ҷайпурро, ки ҳаёти 61 касро аз байн бурдааст, бар дӯш гирифт.

Солҳои ахир Ҳиндустон борҳо мавриди бомбгузориҳо қарор гирифтааст ва касе масъулияти онро бар ӯҳда намегирад.

Мансабдорон одатан гурӯҳҳои ҷангҷӯи исломиро муттаҳам карда, мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ангехтани иғво миёни аксарияти ҳиндутабор ва ақаллияти мусулмони ин кишвар аст.

Сокинони Аҳмадобод таъкид мекунанд, ки сарфи назар аз даъват ба оромӣ мардуми ин шаҳри таърихӣ дар хавфу ҳаросанд: "Фазои хавф шаҳрро ба оғӯш гирифтааст. Мардум метарсанд. Рӯзи нав оғози нави умедворкунанда овардааст".

Соли 2002-ум дар натиҷаи бархурди мусулмонҳову ҳиндуҳо тарқрибан 1000 нафар ба ҳалокат расида буд.


XS
SM
MD
LG