Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни 1020 солагии калисои ортодокси насронӣ


Дар пойтахти Украина 1020-умин солгарди қабули мазҳаби ортодокс ё худ православи насронӣ дар қаламрави Украинаву Русияро таҷлил намуданд.

Ин ҷашнвора дар ҳоле баргузор мешавад, ки баъзе украиниҳо ҷонибдори таъсиси калисои мустақил аз Русия мебошанд.

Усқуфи калисои экумении Константинопол Бартоломеи 1 ва усқуфи Маскаву тамоми Русия Алексеи 2 дар ибодати муштарак дар назди ҳайкали Владимири муқаддаси минтақаи Владимирская Горкаи шаҳри Киев иштирок карданд.

Владимир Бузург, раҳбари Киеви русӣ дар соли 988 калисои ортодокси насрониро дини расмии ин кишвар эълон кардааст.

Ҷашнвораи имсола дар ҳоле баргузор гашт, ки президенти Украина Виктор Юшенко аз усқуфи экумении Константи нопол хост, ташкили калисои украинии мустақил аз Русияро дуо диҳад.

Дар Украина калисои мустақил аз Русия соли 1991 баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил шуда буд, вале калисои ҷаҳонии ортодокс онро расман эътироф намекунад. Ҳамин тариқ ягона намояндаи расмии ортодоксҳои насронии Украина бахши украинии калисоли ортодокси Русия аст.

Юшенко дар рӯ ба рӯи ҳазорҳо пайрави мазҳаби ортодокси насронӣ аз Бартоломеи 1 дархост намуд, ки аз ташкили калисои миллии мухтор дар Украина дастгирӣ кунад.

Ба қавли Юшенко ташкили калисои украинӣ қадами муҳиме дар эҳёи ҳуввияти миллӣ мебошад.

Вале пешвои 225 миллион пайрави мазҳаби ортодокси насронӣ-Бартолоеми 1, ки қароргоҳаш дар Истанбул аст, мегӯяд, дин аз сиёсат муҳимтар аст. Ба гуфти Бартоломеи 1 ваҳдати калисо аз ҳар гуна вазифаҳои сиёсӣ болотар аст.

Аснои вуруд ба Украина Алексии 2 усқуфи Маскаву тамоми Русия даъват кард, ки ду миллати бародари славянӣ, русҳову украиниҳо равобити бародаронаро ҳифз намоянд.

Пешвоёни калисои Русия даъвоҳои истиқлолталабии насрониҳои украинаро бепоя мешуморанд, мансабдорони рус бошанд, мақомоти Украинаро бо дахолат дар умури созмонҳои динӣ муттаҳам мекунанд.

Калисои ортодокси насронӣ ба калисоҳои миллӣ мухторияти зиёд тақдим кардааст ва усқуфи Константинопол чизе бештар аз ҳукми ахлоқӣ рӯи онҳо бор карда наметавонад.

XS
SM
MD
LG