Пайвандҳои дастрасӣ

Обхезӣ дар Украина


Боронҳои пай дар пай боиси обхезӣ дар баъзе манотиқи Украина гардида, ҳаёти камаш 13 нафарро аз байн бурдаанд. Наздик ба 7000 нафар иҷборан макони зисташонро тарк кардаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Украина мегӯяд, дар манотиқи назди марз бо Романия тақрибан 21000 хонаро об зер кардааст. Ҳамчунон вазорат гузориш медиҳад, ки обанбори Днестр тахминан пур шудааст ва мушкили сар додани оби он пеш омадааст.
XS
SM
MD
LG